Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

На Сагсор монад, на Мозандарон,
Ҷаҳонро бисӯзад ба гурзи гарон,

Ба хоб-андар орад сари дардманд,
Бибандад дари ҷангу роҳи газанд,

Бад-ӯ бошад эрониёнро умед
В-аз ӯ хусравонро ҳазорон навид,

1
Пайи борае, к-ӯ чамонад ба ҷанг,
Бимолад бар ӯ рӯй ҷангипаланг,

2
Хунук подшоҳӣ ба ҳангоми ӯй,
Замона ба шоҳӣ барад номи ӯй,

Чу Руму чи Ҳинду чи Эронзамин,
Нависад ҳама номи ӯ бар нигин!»

Чу бишнид гуфтори ахтаршинос,
Бихандиду пазруфт аз эшон сипос,

Бубахшидашон бекарон зарру сим,
Чу оромиш омад ба ҳангоми бим,

Фиристодаи Золро пеш хонд,
Зи ҳар гуна бо ӯ суханҳо биронд,

Бигуфташ, ки «Бо ӯ бахубӣ бигӯй,
Ки ин орзӯро набуд ҳеч рӯй,

Валекин чу паймон бад-ин буд нахуст,
Баҳона нашояд ба бедод ҷуст.

Ман, инак, ба шабгир аз ин размгоҳ
Суи шаҳри Эрон биронам сипоҳ,

Бад-он, то чи фармон диҳад шаҳриёр,
Чи фармоядам кор Парвардгор!»…

Фиристода омад ба наздики Зол,
Або бахти фирӯзу фархунда фол,

Чу омад, бад-ӯ дод пайғоми Сом,
Аз ӯ Зол бишниду шуд шодком.

Гирифт офарин Зол бар Кирдгор
Бад-он бахшишу шодмон рӯзгор…

Чамонад – ҳаракат кунад; бо ғурур биравад.
Хунук – хуш.

пешина
аз 345
навбатӣ