Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ОГОҲӢ ЁФТАНИ СИНДУХТ
АЗ КОРИ РӮДОБА

Миёни сипаҳдору он сарвбун
Зане буд гӯянда, ширинсухун,

Паём оваридӣ суи паҳлавон,
Ҳам аз паҳлавон сӯи сарви равон.

Сипаҳдор Дастон мар-ӯро бихонд,
Сухан ҳар чи бишнид, бо ӯ биронд,

Бад-ӯ гуфт: «Наздики Рӯдоба шав,
Бигӯяш, ки эй некдил, моҳи нав,

Сухан чун ба тангиву сахтӣ расид,
Фарохӣ-шро зуд бинӣ калид!»

Фиристода боз омад аз пеши Сом
Або шодмониву фаррухпаём.

Басе гуфту бишниду зад достон,
Саранҷом ӯ гашт ҳамдостон.

Сабук посухи нома занро супурд,
Зан аз пеши ӯ рафту нома бибурд.

Ба наздики Рӯдоба омад чу бод,
Аз он шодмонӣ варо мужда дод.

Парирӯй бар зан дирам барфишонд,
Ба курсии зар пайкараш барнишонд,

Пас он гаҳ бидод ӯ бад-он чорагар
Яке даст ҷома бар он муждабар,

1
Яке шора сарбанд пеш оварид,
Ҳама тору пуд андар он нопадид,

Ҳама пайкараш сурхёқуту зар,
Ҳама зар шуда нопадид аз гуҳар,

Яке ҷуфт пурмоя ангуштарӣ,
Фурӯзанда чун бар фалак Муштарӣ

Фиристод наздики Дастони Сом,
Басе дод бо ӯ дуруду паём.

Шора – сорӣ, сарӣ, сарбанди нафиси ҳиндӣ.

пешина
аз 345
навбатӣ