Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Зан аз ҳуҷра рафту ба айвон расид,
Нигаҳ кард Синдухт, ӯро бидид,
Ба овоз гуфт: «Аз куҷоӣ, бигӯй,
Сухан ҳар чи пурсам, ту кажжӣ маҷӯй.
Замон то замон пеши ман бигзарӣ,
Ба ҳуҷра дароӣ, ба ман нангарӣ,
Дили равшанам шуд ба ту бадгумон,
Нагӯӣ ба ман, то зеҳӣ ё камон?!»
Зан аз бими ӯ гашт чун сандарӯс,
Битарсид аз ӯву замин дод бӯс,
Бад-ӯ гуфт: «Ҳастам яке чораҷӯй,
Ҳаме нон фароз орам аз чанд рӯй,
Равам ман суи хонаи меҳтарон,
Харанд аз ман ин ҷомаву гавҳарон.
Бад-ин ҳуҷра Рӯдоба пероя хост,
Ҳамон гавҳарони гаронмоя хост,
Биовардамаш афсаре зарнигор,
Яке ҳалқа пургавҳари шоҳвор».
Бад-ӯ гуфт: «Бигзор бар чашми ман,
Яке об барзан бар ин хашми ман».
«Супурдам ба Рӯдоба, – гуфт, – ин ду чиз,
Фузун хост, к-акнун биёрам-ш низ».
«Баҳо, – гуфт Синдухт, – бинмоиям,
Дили баста з-андеша бикшоиям.»
«Дирам, – гуфт, – фардо диҳам, – моҳрӯй,
Баҳо то наёбам, ту аз ман маҷӯй!»
Ҳаме каж бидонист гуфтори ӯй,
Биорост дилро ба пайкори ӯй,
1
Биомад, биҷусташ бару остӣ,
Ҳаме ҷуст аз ӯ кажживу костӣ,
Чу он ҷомаҳои гаронмоя дид,
Ҳам аз дасти Рӯдоба пероя дид,
Остӣ – остин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё