Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Ҳунар дар ҷаҳон аз ман омад падид,
Чу ман номвар тахти шоҳӣ надид!
Ҷаҳонро ба хубӣ ман оростам,
Чунон гашт гетӣ, ки ман хостам!
Хуру хобу ороматон аз ман аст,
Ҳамон пӯшишу коматон аз ман аст!
Бузургиву дайҳиму шоҳӣ марост,
Кӣ гӯяд, ки ҷуз ман касе подшост?!
Ба доруву дармон ҷаҳон гашт рост,
Ки бемориву марг касро накост,
Ҷуз аз ман кӣ бардошт марг аз касе
В-агар бар замин шоҳ бошад басе?
Шуморо зи ман ҳушу ҷон дар тан аст,
Ба ман награвад ҳар ки, Оҳарман аст!
1
Гар эдун, ки донед, ман кардам ин,
Маро хонд бояд ҷаҳонофарин!»
Ҳама мӯбадон сар фиканда нагун,
Чаро кас наёрист гуфтан, на чун.
Чу ин гуфта шуд, фарри Яздон аз ӯй
Гусасту ҷаҳон шуд пур аз гуфтугӯй.
2
Ҳар он кас зи даргоҳ баргошт рӯй,
Намондӣ ба пешаш яке номҷӯй.
Севу бист сол аз дари боргоҳ
Пароканда гаштанд яксар сипоҳ.
3
Манӣ чун бипайваст бо Кирдгор,
Шикаст андароварду баргашт кор.
Чи гуфт он сухангӯи бофарру ҳуш:
«Чу хусрав шавӣ, бандагиро бикӯш!
Ба Яздон ҳар он кас, ки шуд носипос,
Ба дил-ш-андар ояд зи ҳар сӯ ҳарос!»
1
Эдун – чунин.
Баргошт рӯй – рӯй гардонд.
Манӣ – ман-манӣ, ғурури нобарҷо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё