Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ба Ҷамшед-бар тирагун гашт рӯз,
Ҳаме кост з-ӯ фарри гетифурӯз,

Ҳаме ронд аз дида хун дар канор,
Ҳаме кард пӯзиш бари кирдгор,

Ҳаме кост з-ӯ фарраи эзадӣ,
Бар оварда бар вай шукӯҳи бадӣ.

ДОСТОНИ ЗАҲҲОК ВА ПАДАРАШ

Яке мард буд андар он рӯзгор
Зи Дашти саворони найзагузор,

Гаронмоя ҳам шоҳу ҳам некмард,
1
Зи тарси ҷаҳондор бо боди сард,

Ки Мардос номи гаронмоя буд,
Ба доду диҳиш бартарин поя буд.

Мар-ӯро зи дӯшиданӣ чорпой
Зи ҳар як ҳазор омадандӣ баҷой.

Бузу уштуру мешро ҳамчунин
Ба дӯшандагон дода буд покдин.

Ҳамон гови дӯшо ба фармонбарӣ,
Ҳамон тозиаспони ҳамчун парӣ.

Ба шир он касеро, ки будӣ ниёз,
Бад-он хоста даст бурдӣ фароз.

Писар буд мар-он покдинро яке,
К-аш аз меҳр баҳра набуд андаке,

Ҷаҳонҷӯйро ном Заҳҳок буд,
Далеру сабуксору бебок буд,

Ҳамон Бевараспашҳаме хонданд,
Чунин ном бар паҳлавӣ ронданд,

Куҷо «бевар» аз паҳлавонӣ шумор
Бувад дар забони дарӣ «даҳ ҳазор».

1 Боди сард – оҳ, оҳи сард.

пешина
аз 345
навбатӣ