Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Бипурсид дигар, ки «Бар кӯҳсор
Яке шорсон ёфтам устувор,
Хироманда мардум аз он шорсон
2
Гузида ба ҳомун яке хорсон,
Биноҳо кашиданд сар то ба моҳ,
Парастанда гаштанду ҳам пешгоҳ,
Аз он шорсоншон ба дил нагзарад,
Кас аз ёд кардан сухан нашмарад,
3
Яке бумҳан хезад аз ногаҳон,
Бару бумашон пок гардад ниҳон,
Бад-он шорсоншон ниёз оварад,
Ҳам андешагони дароз оварад.
Ба парда-дар аст ин суханҳо, биҷӯй,
Ба пеши радон ошкоро бигӯй,
Гар ин розҳо ошкоро кунӣ,
Зи хоки сияҳ мушки соро кунӣ!»
ПОСУХ ДОДАНИ ЗОЛ МӮБАДОНРО
Замоне дар андеша буд Золи Зар,
Баровард ёлу бигустард бар
В-аз он пас забонро ба посух кушод,
Ҳама пурсиши мӯбадон кард ёд:
«Нахуст аз даҳу ду дарахти баланд,
Ки ҳар як ҳаме шох сӣ баркашанд,
Ба соле даҳу ду бувад моҳи нав,
Чу шоҳи навоин абар гоҳи нав.
Ба сӣ рӯз маҳро сар ояд шумор,
Бар ин сон бувад гардиши рӯзгор.
Кунун он ки гуфтӣ зи кори ду асп,
Фурӯзон ба кирдори Озаргушасп,
1
Шорсон – шаҳристон.
Хорсон – хористон; биёбон.
Бумҳан (бумаҳан) – заминҷунбӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё