Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Сафеду сиёҳ аст ҳар ду замон,
Паси якдигар тез ҳар ду давон,
Шабу рӯз бошад, ки мебигзарад,
Дами чарх бар мо ҳаме бишмарад,
Наёбанд-мар якдигарро ба таг,
Давон ҳамчу нахчир аз пеши саг.
Се дигар, ки гуфтӣ аз он сӣ савор,
Куҷо баргузаштанд бар шаҳриёр,
Аз он сӣ саворон яке кам шавад,
Ба гоҳи шумурдан ҳамон сӣ бувад,
Шумори маҳи нав бар ин гуна дон,
Чунин кард фармон Худои ҷаҳон,
Нагуфтӣ сухан ҷуз зи нуқсони моҳ,
Ки як шаб кам ояд ҳаме гоҳ-гоҳ.
Кунун аз ниём он сухан баркашем,
Зи ду сарв, к-он мурғ дорад нишем,
Зи бурҷи бара то тарозу ҷаҳон
Ҳаме тирагӣ дорад андар ниҳон,
Чу ин боз гардад, ба моҳӣ шавад,
Бад-он тирагиву сиёҳӣ шавад,
Ду сарв он ду бозӯи чархи баланд,
К-аз ӯем шодон, аз ӯ мустаманд,
Бар ӯ мурғи паррон ту хуршед дон,
Ҷаҳонро аз ӯ биму уммед дон.
Дигар, шорсон аз бари кӯҳсор
Сарои диранг асту ҷои шумор,
Ҳамон хорсон ин сарои сипанҷ,
Ки ҳам нозу ганҷ асту ҳам дарду ранҷ,
Ҳаме дам задан бар ту-бар бишмарад,
Ҳам ӯ барфизояд, ҳам ӯ бишкарад,
Барояд яке бод бо зилзила,
Зи гетӣ барорад хурӯшу хала,
Ҳама ранҷи мо монда бар хорсон,
Гузар кард бояд суи шорсон,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё