Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бикофид беранҷ паҳлӯи моҳ,
Битобид мар-баччаро сар зи роҳ,

Чунон бегазандаш бурун оварид,
Ки кас дар ҷаҳон ин шигифтӣ надид.

Яке бачча буд чун гави шерфаш,
1
Ба боло баланду ба дидор каш,

Шигифт андар ӯ монда буд марду зан,
Ки нашнид кас баччаи пилтан!

Шабонрӯз модар зи май хуфта буд,
Зи май хуфтаву дил зи ҳуш рафта буд.

Ҳамон захмгоҳаш фурӯ дӯхтанд,
Ба дору ҳама дард биспӯхтанд.²

Чу аз хоб бедор шуд сарвбун,
Ба Синдухт бикшод лаб бар сухун,

Бар ӯ зарру гавҳар барафшонданд,
Абар Кирдгор офарин хонданд,

Мар-он баччаро пеши ӯ тохтанд,
Ба сони сипеҳре барафрохтанд,

Ба якрӯза, гуфтӣ, ки яксола буд,
Яке тӯдаи савсану лола буд.

Бихандид аз он бачча сарви саҳӣ,
Бидид андар ӯ фарри шоҳаншаҳӣ,

Зи тан дур дид он гаронбандро,
Чу дид он гаронмоя фарзандро,

Бигуфто: «Бирастам, ғам омад ба сар!»
Ниҳоданд Рустам-ш номи писар!

3
Яке кӯдакӣ дӯхтанд аз ҳарир
Ба болои он шери нохӯрдашир,

Дарун-андар оганда мӯи самур,
Ба рух барнигорида Ноҳиду Ҳур,

1
Каш – хуш, зебо, хуб.
Биспӯхтанд – дур карданд, қатъ карданд.
Кӯдакӣ – дар ин ҷо ба маънии либоси кӯдакона.

пешина
аз 345
навбатӣ