Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Ба пеш-андарун Соми кайҳонкушой
Фурӯ ҳишта аз тоҷ парри хумой.
Ба Рустам ниё дар шигифте бимонд,
Бар ӯ ҳар замон номи Яздон бихонд,
Бад-он бозуву ёлу он қадду шох,
Миён – чун қалам, синаву бар – фарох,
1
Ду ронаш чу рони ҳаюнон ситабр,
Дили шеру нерӯи бабру ҳижабр,
Бад-ин хуб рӯю бад-ин фарру ёл
Ба гетӣ набошад кас ӯро ҳамол.
Ба Зол он гаҳе гуфт: «Бо сад нажод
Бипурсӣ, кас инро надорад ба ёд,
Ки кӯдак зи паҳлӯ бурун оваранд,
Бад-ин некуӣ чора чун оваранд!
Ба Симурғ бодо ҳазор офарин,
Ки Эзад варо раҳ намуд андар ин!»…
Чунин гуфт мар-Золро, к-«Эй писар,
Нигар, то набошӣ ба ҷуз додгар,
Ба фармони шоҳон дил ороста,
Хирадро гузин карда бар хоста,
Ҳамасола баста ду даст аз бадӣ,
Ҳамарӯза ҷуста раҳи эзадӣ,
Чунон дон, ки бар кас намонад ҷаҳон,
Яке боядат ошкору ниҳон!»…
КУШТАНИ РУСТАМ ПИЛИ САПЕДРО
Чунон буд, ки як рӯз бо дӯстон
Ҳаме бода хӯрданд дар бӯстон,
Хурӯшанда гашта дили зеру бам,
Шуда шодмон номдорон ба ҳам,
Майи лаългунро ба ҷоми булӯр
Бихӯрданд, то дар сар афтод шӯр,
Ситабр – ғафс, пурра.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё