Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Набуд ҳеч пайдо нишебу фароз,
Дилам танг шуд з-он диранги дароз.
Дар он тангӣ-андар биҷастам зи ҷой,
Яке меҳрубон будам андар сарой,
Хурӯшидаму хостам з-ӯ чароғ,
Даромад бути меҳрубонам ба боғ,
Маро гуфт: «Шамъ аз чи бояд ҳаме,
Шаби тира хобат наояд ҳаме?»
Бад-ӯ гуфтам: «Эй бут, наям марди хоб,
Биовар яке шамъ чун офтоб,
Бинеҳ пешаму базмро соз кун,
Ба чанг ор чангу май оғоз кун!»
Бирафт он бути меҳрубонам зи боғ,
Биовард рахшанда шамъу чароғ,
Май оварду нору турунҷу биҳӣ,
Зудуда яке ҷоми шоҳаншаҳӣ.¹
Гаҳе май гусориду гаҳ чанг сохт,
Ту гуфтӣ, ки Ҳорут найранг сохт.²
Дилам бар ҳама ком пирӯз кард,
Шаби тира ҳамчун гаҳи рӯз кард.
Маро меҳрубон ёр, бишнав, чи гуфт,
Аз он пас, ки гаштем бо ҷом ҷуфт,
«Бипаймой май, то яке достон
Зи дафтар барат хонам аз бостон,
3
Ки чун гӯшат аз гуфти ман ёфт барх,
Шигифт андар ӯ монӣ аз кори чарх.
Пур аз чораву меҳру найрангу ҷанг,
Ҳама аз дари марди фарҳангу санг,
Зи неку бади чархи носозгор,
Ки орад ба мардум зи ҳар гуна кор,
1 Зудудан – тоза, пок кардан.
2 Ҳорут – фариштае, ки бо ҳамтояш Морут ба зане дил дода, ба ин ҷурм дар чоҳи Бобул овехта шуд ва ба касоне, ки он ҷо мерафтанд, сеҳру ҷоду меомӯхт.
Барх – баҳра.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё