Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Зи гетӣ дубаҳра бар ӯ гашт рост,
Ки кини Сиёвуш ҳаме бозхост.

Ба багмозбиншаст як рӯз шод,
Зи гурдони лашкар ҳаме кард ёд.

Ба дебо биороста гоҳ шоҳ,
Ниҳода ба сар-бар зи гавҳар кулоҳ,

Яке ҷоми ёқут пурмай ба чанг,
Дилу гӯш дода ба овои чанг.

Бузургон нишаста ба ромиш ба ҳам:
Фарибурзи Ковус бо Густаҳам,

Чу Гударзу Кашводу Фарҳоду Гев,
1
Чу Гургини Милоду Шопури нев,

2
Шаҳи нӯзарон – Тӯси лашкаршикан,
Чу Харроду чун Бежани размзан,

Ҳама бодаи хусравонӣ ба даст,
Ҳама паҳлавонони хусравпараст.

Май андар қадаҳ чун ақиқи Яман,
Ба пеш-андарун лолаву настаран.

Паричеҳрагон пеши Хусрав ба пой,
Сари зулфашон бар суман мушксой.

Ҳама базмгаҳ, пур зи рангу нигор,
Камар баста дар пеши солори бор.

Зи парда даромад яке пардадор,
Ба наздики солор шуд ҳушёр,

3
Ки «Бар дар бипоянд ирмониён,
Сари марзи Эрону тӯрониён,

Ҳаме роҳ ҷӯянд наздики шоҳ,
Зи роҳи дароз омада додхоҳ».

Чу солори ҳушёр бишнид, тафт
Бари гоҳи хусрав хиромиду рафт,

1
Нев – диловар; паҳлавон.
Нӯзарон – аз насли Нӯзар.
Ирмониён – сокинони шаҳри Ирмон.

пешина
аз 345
навбатӣ