Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Бад ӯ-гуфт Гургин, ки «Эй хубрӯй,
Ба гетӣ надидам чу ту ҷангҷӯй!»
Дили Бежан аз лутфи ӯ шод гашт,
Надонист, к-аш дил чу пӯлод гашт!
Бихӯрданд бода ду-се ҳар касе,
Бикарданд бозиву шодӣ басе.
Пас он гоҳ Гургин ба Бежан бигуфт,
Ки «Аз шермардӣ-т мондам шигифт!
Кунун гуфтаниҳо бигӯям туро,
Ки ман чанд раҳ будаам эдаро –
Чи бо Рустаму Геву бо Густаҳам,
Чи бо Тӯси Нӯзар, чи бо Гаждаҳам,
Чи моя ҳунарҳо бад-ин паҳндашт
Бикардему гардун бар он-бар гузашт.
Куҷо номи мо з-он баромад баланд,
Ба наздики Хусрав шудем арҷманд.
Яке ҷашнгоҳ аст аз эдар на дур,
Ба дурӯза роҳ андарояд ба Тӯр,
Яке дашт бинӣ ҳама сурху зард,
К-аз ӯ шод гардад дили родмард.
Ҳама бешаву боғу оби равон,
Яке ҷойгоҳ аз дари паҳлавон,
Замин парниёну ҳаво мушкбӯй,
Гулоб аст, гӯӣ, магар оби ҷӯй.
Хам оварда аз бор шохи саман,
Санам шуд гулу гашта булбул шаман.¹,²
Хиромон ба гирди гулон-бар тазарв,
Хурӯшидани булбул аз шохи сарв.
Аз ин пас кунун то на бас рӯзгор
Шавад чун биҳишт он лаби ҷӯйбор,
Санам – бут.
Шаман – бутпараст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё