Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

К-аз ин нанг то ҷовидон бар дарам
Бихандад ҳама кишвару лашкарам!

Гар ӯ ёбад аз ман раҳоӣ ба ҷон,
Зи ҳар сӯ кушоянд бар ман забон,

Ба расвоӣ-андар бимонему дард,
Биполоям аз дидагон оби зард!»

Басе офарин кард Пирон бар ӯй,
Ки «Эй шоҳи некахтари ростгӯй,

Чунин аст, чун шоҳ гӯяд ҳаме,
Ҷуз аз номи некӯ наҷӯяд ҳаме.

Валекин бар ин ройи ҳушёри ман
Яке бингарад жарф солори ман:

Бибандем ӯро ба банди гарон,
Куҷо дору куштан гузинад бар он,

Аз ӯ панд гиранд эрониён,
Набанданд аз ин пас бадиро миён.

Ҳар он, к-ӯ ба зиндони ту баста монд,
Зи девонҳо номи ӯ кас нахонд!»

Чунон кард солор, к-ӯ рой дид,
Дилаш бо забон шоҳ яктой дид.

Зи дастури покизаи роҳбар
Дурахшон шавад шоҳро гоҳу фар.

БА ЗИНДОН АФКАНДАНИ
АФРОСИЁБ БЕЖАНРО

Ба Гарсеваз он гаҳ бифармуд шоҳ,
Ки банди гарон созу торик чоҳ,

Ду дасташ ба занҷир баркаш ба ғул,
Яке банди румӣ ба кирдори пул,

Бипайванд мисморҳои гарон,
Зи сар то ба пояш бибанд андар он.

Аз он пас нагун андарафкан ба чоҳ,
Ки бебаҳра гардад зи хуршеду моҳ.

пешина
аз 345
навбатӣ