Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Бибар пилу он санги Аквондев,
Ки аз жарфдарёи кайҳонхидев
Фикандаст бар бешаи Чинситон,
Биовар, зи Бежан бад-он кин ситон.
Ба пилони гардункаш он сангро,
Ки пӯшад сари чоҳи Аржангро,
Биовар сари чоҳ, ӯро бипӯш,
Бимон, то ба зорӣ барояд-ш ҳуш
В-аз он ҷо ба айвони он беҳунар
Манижа, к-аз ӯ нанг дорад гуҳар,
Бирав, бо саворону тороҷ кун,
Нагунбахтро бесару тоҷ кун!
Бигӯ: «Эй банафрини шӯридабахт,
Ки бар ту назебад ҳаме тоҷу тахт,
Ба нанг аз кайон паст кардӣ сарам,
Ба хок-андар андохтӣ афсарам.
Бараҳна кашонаш, бибар то ба чоҳ,
Ки дар чоҳ бин, он ки дидӣ ба гоҳ!
Баҳораш туӣ, ғамгусораш ту бош,
Дар ин тангзиндон заворашту бош!
Бибар зуд ӯро, ба Бежан супор,
Бимон то бимиранд ҳар ду ба зор!
Маро чашм агар тира гаштӣ ба ҷанг,
Беҳ астӣ зи дидори ин рӯзи нанг!»
Хиромид Гарсеваз аз пеши ӯй,
Бикарданд коми бадандеши ӯй,
Кашон Бежани Гев аз пеши дор
Бибурданд баста бад-он чоҳсор,
Зи сар то ба пояш ба оҳан бибаст,
Ба румӣ миёну ба занҷир даст,
1
Ба пӯлоду хоиски оҳангарон
Фурӯ бурда мисморҳои гарон,
Хоиск – болға, чакуш.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо