Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Ба хок-андарун шуд сараш нопадид,
Ҳама ҷомаи паҳлавӣ бардарид.
Ҳаме канд мӯй аз сару рӯй пок,
Хурӯшон ба сар-бар ҳаме рехт хок.
Ҳамегуфт: «Аё Кирдгори сипеҳр,
Ту густурдӣ андар дилам ҳушу меҳр,
Чу аз ман ҷудо гашт фарзанди ман,
Раво дорам, ар бигсилад банди ман,
Равонам бар он ҷои некон барӣ,
Зи дарди дили ман ту огаҳтарӣ!
1
Маро худ зи гетӣ ҳамӣ буду бас,
Чи андуҳгусору чи фарёдрас,
Кунун бахти бад кардаш аз ман ҷудо,
Чунин, мондаам дар дами аждаҳо!».
Зи Гургин пас он гаҳ сухан бозҷуст,
Ки «Чун буд худ рӯзгор аз нахуст?
Замона ба ҷояш касе баргузид
Ва ё худ зи чашми ту шуд нопадид?
Зи бадҳо бад-ӯ-бар чи омад, бигӯй,
Ки афканд банди сипеҳрӣ бад-ӯй?
Чи дев омадаш пеш дар марғзор,
Ки ӯро табаҳ карду баргашт кор?
Ту ин аспи бемард чун ёфтӣ,
Зи Бежан куҷо рӯй бартофтӣ?!»
Бад-ӯ гуфт Гургин, ки «Боз ор ҳуш,
Сухан бишнаву паҳн бикшой гӯш,
Ки ин кор чун буду кирдор чун,
Дар он беша бо хук пайкор чун,
Бидон, паҳлавонову огоҳ бош,
Ҳамеша фурӯзандаи гоҳ бош!
Бирафтем аз эдарба ҷанги гуроз,
Расидем наздики Ирмон фароз,
Ҳамӣ – ҳамин.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо