Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳамегуфт: «Бежан наояд ҳаме,
Ба Ирмон, надонам, чи пояд ҳаме.»

Бифармуд, то бӯри Кашводро,
Куҷо доштӣ рӯз фарёдро,

Бар ӯ барниҳоданд зини паланг,
Гирифта ба дил Гев кини наҳанг,

Ҳамон гаҳ бад-ӯ андаровард пой,
Ба кирдори бод андаромад зи ҷой.

Пазира шудаш, то кунад хостор,
Ки Бежан куҷо монду чун буд кор?

Ҳамегуфт: «Гургин магар ногаҳон,
Ҳамоно бадӣ сохт андар ниҳон!

Шавам, гар набинам рухи Бежанам,
Ҳамон гаҳ сарашро зи тан барканам!»

Биомад чу Гургин, мар-ӯро бидид,
Пиёда шуду пешаш-андар давид,

Ҳаме гашт ғалтон ба хок-андаро,
1
Шахуда рухону бараҳна саро,

Бипурсиду гуфт: «Эй гузини сипоҳ,
Сипаҳдори Эрону солори шоҳ,

Пазира бад-ин роҳ чун омадӣ,
Ки бо дидагон пур зи хун омадӣ?

Маро ҷони ширин набояд ҳаме,
Кунун хортар гар барояд ҳаме.

Ду чашмам ба рӯи ту омад, зи шарм
Биполоям аз дидагон хуни гарм,

Кунун ҳеч м-андеш, к-ӯро ба ҷон
Наомад газанду бигӯям нишон».

Чу аспи писар дид Гургин ба даст,
Пур аз хоку осема бар сони маст,

Чу гуфтори Гургинаш омад ба гӯш,
Аз асп андарафтоду з-ӯ рафт ҳуш.

Шахудан – харошидан.

пешина
аз 345
навбатӣ