Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Фикандӣ маро дар таку пӯяпӯй,
Ба гирди ҷаҳон-андарун чораҷӯй,
Пас акнун ба дастону банду фиреб
Куҷо ёбам орому хобу шикеб?!
Набошад туро пеш аз ин дастгоҳ,
Ки то ман бибинам яке рӯи шоҳ.
Пас он гаҳ ба ханҷар зи ту кини хеш
Бихоҳам зи баҳри ҷаҳонбини хеш!»
ОВАРДАНИ ГЕВ ГУРГИНРО
БА НАЗДИ ХУСРАВ
В-аз он ҷо биомад ба наздики шоҳ
Ду дида пур аз хуну дил кинахоҳ,
Бар ӯ офарин кард, к-«Эй шаҳрёр,
Ҳамеша ба шодӣ ҷаҳонро гузор.
Анӯша ҷаҳондори некахтаро,
Набинӣ, ки бар сар чи омад маро?
Зи гетӣ яке пур будам ҷавон,
Шабу рӯз будам бар ӯ шодмон.
Ба ҷонаш пур аз бим гирён будам,
Зи ранҷи ҷудоӣ-ш бирён будам.
Кунун омад, эй шоҳ, Гургин зи роҳ,
Забон пур зи ёва, равон пургуноҳ,
Бад огоҳӣ овард аз пури ман,
Аз он номвар, пок дастури ман,
Яке асп дорад, нагунсор зин,
Зи Бежан надорад нишоне ҷуз ин!
Агар дод бинад бар ин кори мо,
Яке бингарад жарф солори мо,
Зи Гургин диҳад доди ман шаҳрёр,
К-аз ӯ гаштам андар ҷаҳон хоксор!»
Ғамӣ шуд зи дарди дили Гев шоҳ,
Барошуфту бинҳод фаррух кулоҳ,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо