Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Рухи шоҳ бар гоҳ беранг шуд,
Зи тимори Бежан дилаш танг шуд,
Ба Гев он гаҳе гуфт: «Гургин чи гуфт?
Чи гӯяд, куҷо монд он некҷуфт?»
Зи гуфтори Гургин пас он гоҳ Гев
Сухан гуфт бо Хусрав аз пури нев,
Чу аз Гев бишнид Хусрав сухун,
Бад-ӯ гуфт: «М-андешу зорӣ макун,
Ки Бежан баҷой асту хурсанд бош,
Бар уммеди гумбуда фарзанд бош,
Ки эдун шунидастам аз мӯбадон,
Зи бедордил, номвар бихрадон,
Ки ман бо саворони Эрон ба ҷанг
Суи шаҳри Тӯрон шавам бедиранг,
Ба кини Сиёвуш кашам лашкаро,
Ба пилон сар орам ман он кишваро!
Бар он кинагаҳ-бар бувад Бежано,
Ҳаме разм ҷӯяд чу Аҳримано.
Ту шав, дил бад-ин кор ғамгин мадор,
Ман ӯро ҳамоно басам хостор!»
Бишуд Гев бо дил пурандӯҳу дард,
Ду дида пур аз обу рухсора зард.
Чу Гургин ба даргоҳи Хусрав расид,
Зи гурдон дари шоҳ пардахта дид,
Зи тимори Бежан ҳама паҳлавон
Зи даргоҳ бо Гев рафта навон.
Бирафт аз дари кох то пеши ӯй,
Пур аз шарм ҷони бадандеши ӯй.
Чу дар пеши Кайхусрав омад, замин
Бибӯсиду бар шоҳ кард офарин,
Чу алмос дандонҳои гуроз
Бари тахт бинҳоду бурдаш намоз,
Ки «Хусрав ба ҳар кор пирӯз бод,
Ҳама рӯзгораш чу Наврӯз бод!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо