Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Чу сад солаш андар ҷаҳон кас надид,
Зи чашми ҳама мардумон нопадид,
Садум сол рӯзе ба дарёи Чин
Падид омад он шоҳи нопокдин,
Чу Заҳҳокаш овард ногаҳ ба чанг,
Якояк надодаш замоне диранг,
Ба арра мар-ӯро ба ду ним кард,
Ҷаҳонро аз ӯ поку бебим кард.
Ниҳон буд чанд аз дами аждаҳо,
Ба фарҷом ҳам з-ӯ наомад раҳо,
Шуд он тахти шоҳиву он дастгоҳ,
1
Замона рабудаш чу беҷода коҳ.
Аз ӯ беш бар тахти шоҳӣ кӣ буд?
Аз он ранҷ бурдан чи омад-ш суд?
Гузашта бар ӯ солиён ҳафтсад,
Падид оваридаш ҳама неку бад,
Чи бояд ҳаме зиндагонӣ дароз,
Ки гетӣ нахоҳад кушодан-т роз?
Ҳаме парваронад ба шаҳду ба нӯш,
Ҷуз овози нармат наорад ба гӯш.
Якояк, чу гӯӣ, ки густурд меҳр,
Ки хоҳад намудан ба ман меҳр чеҳр,
Ҳама шод бошиву нозӣ бад-ӯй,
Биафзоядат сарфарозӣ бад-ӯй,
Яке нағз бозӣ бурун оварад,
Ба дил-т-андар аз дард хун оварад!
Чунин аст кайҳони нопойдор,
Ту дар вай ба ҷуз тухми некӣ макор!
Дилам сер шуд з-ин сарои сипанҷ,
Ки оғоз ганҷ асту фарҷом ранҷ!
Беҷода, беҷод – каҳрабо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё