Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ДОСТОНИ ЗАҲҲОК
Подшоҳии Заҳҳок ҳазор сол буд

Чу Заҳҳок бар тахт шуд шаҳриёр,
Бар ӯ солиён анҷуман шуд ҳазор.

Саросар замона бад-ӯ гашт боз,
Баромад бар ин рӯзгори дароз.

Ниҳон гашт оини фарзонагон,
Пароканда шуд номи девонагон.

Ҳунар хор шуд, ҷодуӣ арҷманд.
Ниҳон ростӣ, ошкоро газанд.

Шуда бар бадӣ дасти девон дароз,
Зи некӣ набудӣ сухан ҷуз ба роз.

Ду покиза аз хонаи Ҷаммашед
Бурун овариданд ларзон чу бед,

Ки Ҷамшедро ҳарду хоҳар буданд,
Сари бонувонро чу афсар буданд.

Зи пӯшидарӯён яке Шаҳрноз,
Дигар моҳрӯе ба ном Арнавоз,

Ба айвони Заҳҳок бурдандашон,
Бад-он аждаҳофаш супурдандашон.

Бипарвардашон аз раҳи ҷодуӣ,
Биомухт-шон аз кажӣ бадхуӣ.

Надонист худ ҷуз бад омӯхтан,
Ҷуз аз куштану ғорату сӯхтан.

Чунон буд, ки ҳар шаб ду марди ҷавон,
Чи кеҳтар, чи аз тухмаи паҳлавон,

Хуришгар бибурдӣ ба айвони шоҳ
В-аз ӯ сохтӣ роҳи дармони шоҳ.

Бикуштиву мағзаш бипардохтӣ,
Мар-он аждаҳоро хуриш сохтӣ.

Ду покиза аз гавҳари подшо,
Ду дурри гаронмояву порсо,

пешина
аз 345
навбатӣ