Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Басо ғам, ки хӯрдӣ дар ин рӯзи чанд,
Зи тимор гаштӣ чунин мустаманд,

Бигӯяш, ки оре, худованди Рахш
Туро дод Яздони фарёдбахш!

Зи Зобул ба Эрон, зи Эрон ба Тӯр
Зи баҳри ту паймуд ин роҳи дур!

Чу ин гуфта бошӣ, сухан роз дор,
Шаби тира гӯшат ба овоз дор,

Зи беша фароз ор ҳезум ба рӯз,
Шаб ояд, яке оташе барфурӯз!»

Манижа зи гуфтори ӯ шод шуд,
Дилаш аз ғамон яксар озод шуд.

Биомад дамон то бад-он чоҳсор,
Ки будаш ба чоҳ-андарун ғамгусор,

Бигуфташ, ки «Додам саросар паём
Бад-он некпай фаррухи некном!

Чунин дод посух, ки «Онам, дуруст,
Ки Бежан ба ному нишонам биҷуст,

Ту бо доғи дил чанд пӯӣ ҳаме,
Ду рухро ба хуноб шӯӣ ҳаме?

Бигӯяш, ки моро ба сони паланг
Бисуд аз пайи ту камаргоҳу чанг,

Кунун, чун дуруст омад аз ту нишон,
Бибинӣ сари теғи гарданкашон,

Заминро бидарронам акнун ба чанг,
Ба гардун барандозам осуда санг!

Маро гуфт: чун тира гардад ҳаво,
Шаб аз чанги хуршед ёбад раҳо,

Ба кирдори кӯҳ оташе барфурӯз,
Ки шаб бар сари чоҳ гардад чу рӯз,

Бад-он, то бибинам сари чоҳро,
Бад-он равшанӣ биспарам роҳро!»

пешина
аз 345
навбатӣ