Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чу бишнид Бежан бар он сон паём,
Ба чоҳ-андарун гашт аз он шодком,

Суи Кирдгори ҷаҳон кард сар,
Ки «Эй пок бахшандаи додгар,

Зи ҳар бад ту бошӣ маро дастгир,
Ту зан бар дилу ҷони бадхоҳ тир!

Бидеҳ доди ман з-он, ки бедод кард,
Ту донӣ ғамони ману ранҷу дард!

Магар боз ёбам бару бумро,
Бимонам ман ин ахтари шумро?

Ту, эй ҷуфти ранҷозмуда зи ман,
Фидо карда ҷону дилу чизу тан,

Бад-ин ранҷ, к-аз ман ту бардоштӣ,
Ҳама ранҷи ман шодӣ ангоштӣ,

Бикардӣ раҳо тоҷу тахту камар,
Ҳамон ганҷу хешону мому падар,

Агар ёбам аз чанги ин аждаҳо
Бад-ин рӯзгори ҷавонӣ раҳо,

Ба кирдори некони яздонпараст
Бипӯям ба пову биёзам ба даст!

Ба сони парастор пеши кайон
Ба подоши ранҷат бибандам миён!

Кунун ин яке ранҷ бардор низ,
К-аз ин ранҷ ёбӣ басе ганҷу чиз!»

Манижа ба ҳезум шитобид сахт,
Чу мурғон баромад ба шохи дарахт,

Ба хуршед-бар чашму ҳезум ба бар,
Ки то кай барорад шаб аз кӯҳ сар.

Чу аз чашм хуршед шуд нопадид,
Шаби тира бар кӯҳ лашкар кашид,

Бад-он гаҳ, ки ором гирад ҷаҳон,
Шавад ошкоро зи гетӣ ниҳон,

пешина
аз 345
навбатӣ