Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ба гурдони ҷанговар овоз кард,
Ки «Пеш омад имрӯз нанги набард,

Куҷо теғу жӯпини оҳангузор,
Куҷо найзаву гурзаи говсор,

Ҳунарҳо ҳама кард бояд падид,
Бад-ин дашт кина бибояд кашид!»

Баромад хурӯшидани карраной,
Таҳамтан ба Рахш-андар овард пой,

Аз он кӯҳ Рустам ба ҳомун кашид,
Чу лашкар ба танг-андар омад падид,

Кашиданд лашкар бар он паҳнҷой,
Зи ҳар сӯ бибастанд аз оҳан сарой.

Биорост Рустам яке размгоҳ,
Ки аз гарди аспон ҷаҳон шуд сиёҳ.

1
Абар маймана Ашкашу Густаҳам,
Саворони бисёр бо ӯ ба ҳам,

2
Чу Руҳҳому чун Занга бар майсара
Биорост он ҷангро яксара.

Худу Бежани Гев дар қалбгоҳ –
Нигаҳбони гурдону пушти сипоҳ,

Паси пушти лашкар – куҳи Бесутун,
Ҳисоре зи шамшер пеш-андарун.

Чу Афросиёб он сипаҳро бидид,
Ки солорашон Рустам омад падид,

Ғамӣ гашту пӯшид хафтони ҷанг,
Сипаҳро бифармуд кардан диранг,

Баробар ба оин сафе баркашид,
Ҳаво нилгун шуд, замин нопадид,

Чапи лашкарашро ба Пирон супурд,
Суи росташ рафт Ҳумони гурд,

Ба Гарсевазу Шеда қалби сипоҳ
Супурду ҳаме кард ҳар сӯ нигоҳ.

Маймана – тарафи рости лашкар.
Майсара – тарафи чапи лашкар.

пешина
аз 345
навбатӣ