Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Ба даргоҳи Афросиёб омаданд,
Камарбастагон бар дараш саф заданд.
Бузургони Тӯрон, кушода камар,
Ба пеши сипаҳдор бар хок сар,
К-«Аз андоза бигзашт моро сухун,
Чи афканд бояд бар ин кор бун,
Ки моро аз ин ҷанг то ҷовидон
Бимонад зи кирдори Бежан нишон,
Ба Эрон ба мардон нахонандамон,
Занони камарбаста донандамон!»
Барошуфт меҳтар ба сони паланг,
Аз он нангро соз фармуд ҷанг,
Ба Пирон бифармуд, то баст кӯс,
Ки «Бар мо зи Эрон ҳамин бас фусӯс!»
Бизад нойи рӯин ба даргоҳи шоҳ,
Биҷӯшид дар шаҳри Тӯрон сипоҳ,
Ялон саф кашиданд пеши сарой,
1
Хурӯш омад аз бӯқу ҳиндидарой.
Сипоҳе зи Тӯрон бар он марз ронд,
Ки рӯи замин ҷуз ба дарё намонд!
Чу аз дидагоҳ дидабон бингарид,
Заминро чу дарёи ҷӯшанда дид,
Бари Рустам омад, ки «Бипсеч кор,
Ки гетӣ сияҳ шуд зи гарди савор!»
Бад-ӯ гуфт: «Мо з-ин надорем бок,
Ҳаме ҷангро барфишонем хок!»
Буна бо Манижа гусӣ карда бор,
Бипӯшид худ ҷомаи корзор,
Ба боло баромад, сипаҳ бингарид,
Хурӯше чу шери жиён баркашид,
Яке достон зад савори далер,
Ки «Рӯбаҳ чи санҷад ба чанголи шер?!»
Бӯқ – шайпур.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо