Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ДОСТОНИ СУҲРОБ

ОМАДАНИ РУСТАМ БА НАХЧИРГОҲ

Зи гуфтори деҳқон яке достон
Бипайвандам аз гуфтаи бостон,

Зи мӯбад бар он гуна бардошт ёд,
Ки Рустам баророст аз бомдод,

Ғамӣ буд дилаш, сози нахчир кард,
1
Камар басту таркаш пур аз тир кард,

Бирафту ба Рахш-андар овард пой,
Барангехт он пилпайкар зи ҷой,

Суи марзи Тӯрон-ш бинҳод рӯй
Чу шери дижогоҳи нахчирҷӯй.

Чу наздикии марзи Тӯрон расид,
Биёбон саросар пур аз гӯр дид.

Барафрӯхт чун гул рухи тоҷбахш,
Бихандиду аз ҷой баркард Рахш.

Ба тиру камону ба гурзу каманд
Биафканд бар дашт нахчир чанд.

Зи хору зи хошоку шохи дарахт
Яке оташе барфурӯзид сахт,

Чу оташ пароканда шуд, пилтан
2
Дарахте биҷуст аз дари бобзан,

Яке наррагӯре бизад бар дарахт,
Ки дар чанги ӯ парри мурғе насахт,

Чу бирён шуд, аз ҳам биканду бихӯрд,
Зи мағз устухонаш баровард гурд,

Пас он гаҳ хиромон бишуд назди об,
Чу сероб шуд, кард оҳанги хоб.

Бихуфту баросуд аз рӯзгор,
Чамону чарон Рахш дар марғзор.

Таркаш – тирдон.
Бобзан – сих; сихи кабоб.

пешина
аз 345
навбатӣ