Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Саворони туркон – тане ҳафт-ҳашт
Бад-он дашти нахчиргаҳ баргузашт,

Пайи Рахш диданд дар марғзор,
Бигаштанд гирди лаби ҷӯйбор,

Чу дар дашт мар-Рахшро ёфтанд,
Суи банд кардан-ш биштофтанд,

Саворон зи ҳар сӯ ба ӯ тохтанд,
Каманди кайонӣ дарандохтанд.

Чу Рахш он каманди саворон бидид,
Ба кирдори шери жиён бардамид,

Ду касро ба захми лагад кард паст,
Якеро сар аз тан ба дандон гусаст,

Се тан кушта шуд з-он саворони чанд,
Наомад сари Рахши ҷангӣ ба банд.

Пас он гаҳ фиканданд ҳар сӯ каманд,
Ки то гардани Рахш карданд банд,

Гирифтанду бурданд пӯён ба шаҳр,
Ҳаме ҳар кас аз Рахш ҷустанд баҳр.

Чу бедор шуд Рустам аз хоби хуш,
1
Ба кор омадаш бораи дасткаш,

Бад-он марғзор-андарун бингарид,
Зи ҳар сӯ ҳаме борагиро надид.

Ғамӣ гашт, чун борагиро наёфт,
Саросема сӯи Самангон шитофт,

Ҳаме гуфт, к-«Акнун пиёда давон
Куҷо пӯям, аз нанг тира равон

Або таркашу гурз баста миён,
Чунин таргу шамшеру бабри баён?

Биёбон чи гуна гузора кунам,
Або ҷангҷӯён чи чора кунам?

Чи гӯянд туркон, ки Рахшаш кӣ бурд,
Таҳамтан бад-ин сон бихуфту бимурд?!

Бораи дасткаш – аспи дастомӯз, ром.

пешина
аз 345
навбатӣ