Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

На Гургин бимонам, на Гударзу Гев,
На Густаҳми Нӯзар, на Баҳроми нев,
Ба Рустам диҳам ганҷу тахту кулоҳ,
Нишонам-ш бар гоҳи Ковусшоҳ!
Аз Эрон ба Тӯрон шавам ҷангҷӯй,
Або шоҳ рӯй андарорам ба рӯй,
Бигирам сари тахти Афросиёб,
Сари найза бигзорам аз офтоб!
Туро бонуи шаҳри Эрон кунам,
Ба ҷанг-андарун кори шерон кунам!
Чу Рустам падар бошаду ман писар,
Чи бояд ба гетӣ яке тоҷвар,
Чу равшан бувад рӯи Хуршеду Моҳ,
Ситора чаро барфарозад кулоҳ?!»
ГУЗИДАНИ СУҲРОБ АСПРО
Ба модар чунин гуфт Суҳроби гурд,
Ки «Акнун бибинӣ зи ман дастбурд,
Яке асп бояд маро гомзан,
Суми ӯ зи пӯлоди хорошикан,
Чу пилон ба зӯру чу мурғон ба пар,
1
Чу моҳӣ ба дарё, чу оҳу ба бар,
Ки баргирад ин гурзу кӯполи ман,
Ҳамин паҳлавонӣ бару ёли ман.
Пиёда нашояд шудан ҷангҷӯй,
Чу бо хасм рӯ андарорам ба рӯй.»
Чу бишнид модар чунин аз писар,
Ба Хуршеди тобон баровард сар,
Ба чӯпон бифармуд, то ҳар чи буд,
2
Фасила биорад ба кирдори дуд,
Бар – хушкӣ.
Фасила – галаи асп.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо