Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ки Суҳроб аспе ба чанг оварад,
Ки бар вай нишинад, чу ҷанг оварад.

Ҳама, ҳар чи буданд аспон гала,
Ки будӣ ба кӯҳу ба саҳро яла,

Ба шаҳр овариданд, Суҳроби шер
Каманде гирифту биомад далер,

Ҳар аспе, ки дидӣ ба нерӯю ёл,
Фикандӣ ба гардан-ш хамми дувол,

Ниҳодӣ бар ӯ дастро озмун,
Шикам бар замин барниҳодӣ ҳаюн.

Ба зӯраш басе аспи зебо шикаст,
Наомад-ш шоиста аспе ба даст.

Набуд ҳеч аспе сазовори ӯй,
Бибуд тангдил он гави номҷӯй.

Саранҷом гурде аз он анҷуман
Биомад ба наздики он пилтан,

1
Ки «Дорам яке курра, Рахшаш нажод,
Ба нерӯ чу шеру ба рафтан чу бод,

Яке курра – чун кӯҳу водисипар,
Ба саҳро бипӯяд чу мурғе ба пар,

Ба зӯру ба рафтан ба кирдори ҳур,
Надидаст кас ҳамчунон тез бӯр,

2
Зи захми сумаш говмоҳӣ сутӯҳ,
Ба ҷастан чу барқу ба ҳайкал чу кӯҳ,

3
Ба куҳ-бар давида ба сони калоғ,
4
Ба дарё ба кирдори моҳиву моғ,

Ба саҳро равад ҳамчу тир аз камон,
Расад, чун шавад аз пайи бадгумон.

1
Курра – бачаи асп, той, тойча.
2
Ишора ба Самак – моҳие, ки бар рӯяш гов истода ва рӯи шохҳои вай замин.
Калоғ – зоғи ало.
Моғ – мурғобӣ.

пешина
аз 345
навбатӣ