Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бишуд шод Суҳроб аз гуфти мард,
Бихандиду рухсора шодоб кард.

1
Бибурданд он чармаи хубранг
Ба наздики Суҳроби ял бедиранг,

Бикардаш ба нерӯи худ озмун,
Қавӣ буду шоиста омад ҳаюн.

Навозиду молиду зин барниҳод,
Бар ӯ барнишаст он яли невзод,

Даромад ба зин чун куҳи Бесутун,
Гирифташ яке найзаи чун сутун,

Чунин гуфт Суҳроби боофарин,
Ки «Чун аспам омад ба даст инчунин,

Ман акнун бибояд саворӣ кунам,
2
Ба Ковус-бар рӯз торӣ кунам!» –

Бигуфт ину омад суи хона боз,
Ҳаме ҷанги эрониён кард соз.

Зи ҳар сӯ сипаҳ шуд бар ӯ анҷуман,
Ки ҳам богуҳар буду ҳам теғзан.

Ба пеши ниё шуд ба хоҳишгарӣ
В-аз ӯ хост дастуриву ёварӣ,

Ки «Хоҳам шудан сӯи Эронзамин,
Ки бинам мар-он боби боофарин!»

Чу шоҳи Самангон чунин дид боз,
Бибахшид ӯро зи ҳар гуна соз,

Зи тоҷу зи тахту кулоҳу камар,
Зи аспу зи астар, зи зарру гуҳар,

Зи хафтони румиву сози набард,
3
Шигифтид аз он кӯдаки ширхӯрд,

Ба доду диҳиш дастро баркушод,
Ҳама созу оини шоҳон ниҳод.

1
Чарма (ҷарма) – аспи сафед.
Торӣ – торик, тира, сиёҳ.
Шигифтид – тааҷҷуб кард, дар ҳайрат монд.

пешина
аз 345
навбатӣ