Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Ба ногоҳ пинҳон шуд он дилрабо,
Шудам ман ба доғи ғамаш мубтало!
Зиҳӣ чашмбандӣ, ки он пурфусун
Ба теғам нахасту маро рехт хун!
Маро талх шуд зиндагӣ бе рухаш,
Танам шуд асири шакарпосухаш.
Надонам, чи кард он фусунгар ба ман,
Ки ногаҳ маро баст роҳи сухан,
Ба он разму он рӯю он гуфтугӯй
Набинам дигар дилбаре ҳамчу ӯй,
Аз он гуфтанаш ҳар гаҳ орам ба ёд,
Зи доғаш шавад сӯзу дардам зиёд!
Маро меҳнате бекарон рӯ намуд,
Ки аз ёр дурӣ ба ман гашт суд!
Ба зорӣ маро худ бибояд гирист,
Ки дилдори худро надонам, ки кист!» –
Ҳамегуфту месӯхт аз ғам басе,
Намехост розаш бидонад касе.
Вале ишқ пинҳон намонад, ки роз
Ба мардум намояд ҳаме ашк боз,
Ғами ҷон барорад хурӯш аз дарун,
Агарчанд ошиқ бувад зуфунун!
Зибас меҳри он духти бофарру ҳанг
Намонд эч бар рӯи Суҳроб ранг,
Аз он кор Ҳумон набудаш хабар,
Ки Суҳробро ҳаст хун дар ҷигар,
Вале аз фаросат ба дил нақш баст,
Ки ӯро парешоние дод даст,
Ба доми касе пойбанд омадаст,
Зи зулфи буте дар каманд омадаст,
Ниҳон мекунад дарду хуниндил аст,
Ҳавас меравад роҳу по дар гил аст.
Яке фурсате ҷусту гуфташ ба роз,
Ки «Эй шердил гурди гарданфароз,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо