Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бузургони пешин ба оину кеш
Гиромӣ надиданд касро чу хеш,

Надоданд беҳуда дилро зи даст,
Нагаштанд аз бодаи меҳр маст,

Сад оҳуи мушкин ба хамми каманд
Гирифтанду дилро накарданд банд!

Фиреби парипайкарони ҷавон
Нахоҳад касе, к-ӯ бувад паҳлавон,

Касеро расад гурдиву сарварӣ,
Ки Меҳри фалакро кунад Муштарӣ.

Ту, эй шердил меҳтари девбанд,
Зи меҳри кӣ гаштӣ чунин мустаманд?

На расми ҷаҳонгириву сарварист,
Ки аз меҳри моҳе бибояд гирист!

Туро хонд фарзанд Афросиёб,
Туӣ сарвар имрӯз бар хушку об!

Зи Тӯрон ба коре бурун омадем,
Шиновар ба дарёи хун омадем,

Сари марзи Эрон гирифтем танг,
Чунин диж ба осонӣ омад ба чанг!

Агарчанд ин кор бошад ба ком,
Вале ҳаст дар пеш ранҷе тамом!

Чу Гургини Милоду Фарҳоди род,
Гуроза, ки аз пил бошад зиёд –

Чунин наррашерони пӯлодчанг,
Камарбастаи кин пайи ному нанг

Биоянд яксар ба пайкори мо,
Кӣ донад, ки худ чун шавад кори мо?!

Туӣ марди майдони ин сарварон,
Чи корат ба ишқи парипайкарон?

Ба дил сард кун меҳри шӯхони шанг,
Ки фардо намонӣ зи мардони ҷанг!

пешина
аз 345
навбатӣ