Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ба диж-дар нишастаст худ бо сипоҳ,
Бар он мардуми диж гирифтаст роҳ.

Яке паҳлавон аст гурду далер,
Ба тан жандапилу ба дил наррашер.

Аз Эрон надорад касе тоби ӯй,
Магар ту, ки тира кунӣ оби ӯй.

Чунин дон, ки андар ҷаҳон ҷуз ту кас
Набошад ба ҳар кор фарёдрас.

Дилу пушти гурдони Эрон туӣ,
Ба чанголу нерӯи шерон туӣ,

Зи гурзи ту Хуршед гирён шавад,
Зи теғи ту Баҳром бирён шавад.¹

Чу гарди пайи Рахши ту Нил нест,
Ҳамоварди ту дар ҷаҳон пил нест.

Каманди ту бар шер банд афганад,
Синони ту бар куҳ газанд афганад,

Туӣ дар ҳама бад ба Эрон паноҳ,
Зи ту барфарозанд гурдон кулоҳ.

2
Газоянда коре нав омад ба пеш,
К-аз андешаи он дилам гашт реш.

Нишастанд гурдон саросар ба ҳам,
Бихонданд он номаи Гаждаҳам,

Бад-он гуна диданд гурдони нев,
Ки назди ту ояд гаронмоя Гев,

Ба назди ту орад мар-ин номаро,
Бидонӣ баду неки ин хомаро.

Чу нома бихонӣ ба рӯзу ба шаб,
Макун достонро кушода ду лаб,

Агар даста дорӣ ба дастат, мабӯй,
Яке тез кун мағзу бинмой рӯй

Баҳром – Миррих, ки ситораи ҷангу наҳсаш медонанд.
Газоянда – газандрасонанда, озордиҳанда.

пешина
аз 345
навбатӣ