Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

ГИРИФТАНИ КОВУС НОМАИ ГАЖДАҲАМРО
Чу нома ба наздики хусрав расид,
Ғамӣ шуд дилаш, к-он суханҳо шунид,
Гаронмоягонро зи лашкар бихонд
В-аз ин достон чанд гуна биронд.
Нишастанд бо шоҳи Эрон ба ҳам
Бузургони лашкар ҳама бешу кам,
Чу Тӯсу чу Гударзи Кашводу Гев,
Чу Гургину Баҳрому Фарҳоди нев,
Сипаҳдор нома бар эшон бихонд,
Бипурсид бисёру хира бимонд,
Чунин гуфт бо паҳлавонон ба роз,
Ки «Эй номдорони гарданфароз,
Бад-ин сон, ки Гаждаҳм гӯяд ҳаме,
Аз андеша дилро бишӯяд ҳаме!
Чи созему дармони ин дард чист?
Ба Эрон ҳамоварди ин мард кист?!»
Бар он барниҳоданд яксар, ки Гев
Ба Зобул шавад назди солори нев,
Ба Рустам расонад аз ин огаҳӣ,
Ки бобим шуд тахти шоҳаншаҳӣ,
Гави пилтанро бад-ин размгоҳ
Бихонад, ки ӯй аст пушти сипоҳ!
НОМАИ КОВУС БА РУСТАМ ВА
ХОНДАНИ Ӯ АЗ ЗОБУЛИСТОН
Яке нома фармуд пас шаҳриёр
Набиштан бари Рустами номдор.
Нахуст офарин кард бар паҳлавон,
Ки «Бедордил бошу равшанравон.
Бидон, к-аз раҳи турк номоваре Яке тохтан кард бо лашкаре.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо