Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Бад-ӯ гуфт Рустам: «Маяндеш аз ин,
Ки бо мо нашӯрад кас андар замин!»
Бифармуд, то Рахшро зин кунанд,
Дам андар дами нойи рӯин кунанд,
Саворони Зобул шуниданд ной,
Бирафтанд бо таргу ҷавшан зи ҷой.
Боророст Рустам сипоҳе гарон,
Завора шудаш бар сипаҳ паҳлавон.
ХАШМ ГИРИФТАНИ КОВУС БАР РУСТАМ
Чу Рустам биомад ба наздики шоҳ,
Пазира шудандаш ба якрӯза роҳ,
Чу Тӯсу чу Гударзи Кашводагон
Пиёда шуда пеши аспаш давон.
Пиёда шуд аз асп Рустам ҳамон,
Гирифтанд пурсиш ба ӯ-бар меҳон.
Гурозон ба даргоҳи шоҳ омаданд,
Кушодадилу некхоҳ омаданд,
Чу рафтанду бурданд пешаш намоз,
Барошуфту посух надод эч боз,
Шуда тунд Ковуси чин дар ҷабин,
1
Шуда рост монанди шери арин,
Яке бонг барзад ба Гев аз нахуст,
Пас он гоҳ шарм аз ду дида бишуст,
Ки «Рустам кӣ бошад, ки фармони ман
Кунад пасту печад зи паймони ман?!
Агар теғ будӣ кунун пеши ман,
Сараш кандаме чун турунҷе зи тан!²
Бигираш, бибар зинда бар дор кун
В-аз ӯ низ макшой бо ман сухун!»
Шери арин – шери беша.
Турунҷ – мевае аз ҷинси лимӯ ва афлесун.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо