Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Зи гуфтори ӯ Гевро дил бихаст,
Ки «Бурдӣ ба Рустам бад-ин гуна даст!»
Барошуфт бо Геву бо пилтан,
Бад-ӯ хира монда ҳама анҷуман.
Бифармуд пас Тӯсро шаҳриёр,
Ки «Рав, ҳардуро зинда баркун ба дор!»
Худ аз ҷой бархост Ковуси Кай,
Барафрӯхт бар сони оташ зи най.
Бишуд Тӯсу дасти Таҳамтан гирифт,
Бад-ӯ монда пархошҷӯён шигифт,
Ки аз пеши Ковус берун барад,
Магар андар он тезӣ афсун барад.
Таҳамтан барошуфт бо шаҳриёр,
Ки «Чандин мадор оташ андар канор,
Ҳама корат аз якдигар бадтар аст,
Туро шаҳриёрӣ на андархур аст!
Чунин тоҷ бар тораки бебаҳо
Басе беҳтар андар дами аждаҳо!
Ман он Рустами Золи номоварам,
Ки аз чун ту шаҳ хам нагирад сарам!
Ту он туркро зинда бар дор кун,
Барошӯбу бадхоҳро хор кун!
Ҳама Руму Саксору Мозандарон,
Чу Мисру чу Чину чу Ҳомоварон
Ҳама банда дар пеши Рахши мананд,
Ҷигархастаи теғу тахши мананд!¹
Ту андар ҷаҳон худ зи ман зиндаӣ,
Ба кина чаро дил парокандаӣ?!»
Бизад тунд як даст бар дасти Тӯс,
Ту гуфтӣ, зи пили жиён ёфт кӯс,
Зи боло нагун омад-андар ба сар,
Бар ӯ кард Рустам ба тундӣ гузар,
Тахш – тир; мушак.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо