Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ду бозӯ ба кирдори рони ҳаюн,
Бараш чун бари шеру чеҳра чу хун,

Ба тан пилвору ба боло баланд,
Ба беша-дар аз бим шераш ба банд.

Зи гурдон ба гирд-андараш сад далер
Ҷавону сарафроз чун наррашер,

Парастор панҷоҳ бо дастбанд
Ба пеши дилафрӯз тахти баланд,

Ҳаме хонд ҳар кас бар ӯ офарин
Бад-он бурзу болову теғу нигин.

Ҳаме буд Рустам бад-он ҷо зи дур,
Нишаста нигаҳ кард мардони Тӯр.

Ба шоиста коре бурун рафт Жанд,
Гаве дид бар сони сарви баланд,

Бад-он лашкар-андар чун ӯ кас набуд,
Бари Рустам омад, бипурсид зуд,

«Чи мардӣ? – бад ӯ гуфт, – бо ман бигӯй,
Суи равшанӣ ою бинмой рӯй!»

Таҳамтан яке мушт бар гарданаш
Бизад, то бурун шуд равон аз танаш.

Бад-он ҷойгаҳ хушк шуд Жандаразм,
Сар омад бар ӯ рӯзи пайкору базм.

Замоне ҳаме буд Суҳроб дер,
1
Наомад ба наздики ӯ жандашер,

Нигаҳ кард Суҳроб, то Жандаразм
Куҷо шуд, ки ҷояш тиҳӣ шуд зи базм.

Бирафтанду дидандаш афканда хор,
Баросуда аз базму аз корзор,

Хурӯшон пур аз дард бозомаданд,
Зи дардаш дил андар гудоз омаданд,

Ба Суҳроб гуфтанд: «Шуд Жандаразм,
Сар омад бар ӯ кори пайкору базм!»

1 Жандашер – шери бузург, дар ин ҷо Жандаразм.

пешина
аз 345
навбатӣ