Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чу бишнид Суҳроб, барҷаст зуд,
Биомад бари Жанда бар сони дуд,

Шигифт омадаш сахту хира бимонд,
Далерону кундоваронро бихонд,

Бад-эшон чунин гуфт Суҳроби шер,
Ки «Эй бихрадону радони далер,

Як имшаб шуморо набояд ғунуд,
Ҳама шаб сари найза бояд бисуд,

Ки гург андаромад миёни рама,
Сагу мардро дид дар дамдама,

Рабуд аз далерон яке гӯсфанд,
Ба зориву хорӣ-ш чун ин фиканд,

Агар ёр бошад ҷаҳонофарин,
Чу наъли самандам бисояд замин,

1
Зи фитроки зин баркушоям каманд,
Бихоҳам зи эрониён кини Жанд!»

Чу баргашт Рустам бари шаҳриёр,
Аз эронсипаҳ Гев буд посдор,

Ба раҳ-бар гави пилтанро бидид,
Бизад дасту теғ аз миён баркашид,

Яке бархурӯшид чун пили маст,
Сипар бар сар оварду бинмуд даст.

Бидонист Рустам, к-аз Эронсипоҳ
Ба шаб Гев бошад талоя ба роҳ,

Бихандиду з-он пас фиғон баркашид,
Талоя чу овози Рустам шунид,

Пиёда биомад ба наздики ӯй,
Чунин гуфт, к-«Эй меҳтари кинаҷӯй,

Пиёда куҷо будаӣ тирашаб?»
Таҳамтан ба гуфтор бикшод лаб,

Бигуфташ ба Гев, он куҷо карда буд,
Чунон шермарде, ки озарда буд.

1 Фитрок – тасмаи чармӣ, ки барои овехтани шикор ё ҷиҳози дигар аз чапу рост ё пасу пеши зини асп меовезанд.

пешина
аз 345
навбатӣ