Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Гурезону аз хештан гашта сер,
Баровехт ногоҳ дар доми шер.
Аз он рӯзбонони нопокмард
Тане чанд рӯзе бад-ӯ бозхӯрд,
Гирифтанду бурданду баста чу юз
Бар ӯ-бар сар овард Заҳҳок рӯз.
Хирадманд моми Фаридун чу дид,
Ки бар ҷуфти ӯ-бар чунон бад расид,
Зане буд, ороиши рӯзгор,
Дарахте, к-аз ӯ фарри шоҳӣ ба бор,
Фаронак будаш ному фархунда буд,
Ба меҳри Фаридун дил оганда буд.
Равон гашт дилхаста аз рӯзгор,
Ҳаме рафт гирён суи марғзор,
Куҷо номвар гов Бармоя буд,
Ки рахшанда бар тан-ш пероя буд,
Ба пеши нигаҳбони он марғзор
Хурӯшиду борид хун дар канор,
Бад-ӯ гуфт: «Ин кӯдаки ширхор
1
Зи ман рӯзгоре ба зинҳор дор,
Падарвораш аз модар андарпазир
В-аз ин гови нағзаш бипарвар ба шир.
2
Агар бора хоҳӣ, равонам турост,
Гаравгон кунам ҷон бад-он, к-ат ҳавост!»
Парастандаи бешаву гови нағз
Чунин дод посух бад-он покмағз,
Ки «Чун банда дар пеши фарзанди ту
Бибошам пазирандаи панди ту!»
Се солаш падарвор аз он гов шир
Ҳамедод ҳушёри зинҳоргир.
Нашуд сер Заҳҳок аз он ҷустуҷӯй,
Шуд аз гов гетӣ пур аз гуфтугӯй.
Зинҳор – паноҳ, эмин.
Бора – асп.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё