Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Миёни сипоҳ-андар омад чу гург,
Пароканда гаштанд хурду бузург.
Дили Рустам андешае кард бад,
Ки Ковусро бегумон бад расад
Аз ин пурҳунар турки навхоста,
Ба хафтон бару бозу ороста.
Ба лашкаргаҳи хеш тозид зуд,
Ки андешаи дил бад-он гуна буд,
Миёни сипаҳ дид Суҳробро,
Замин лаъл карда ба хунобро,
Сари найза пурхуну хафтону даст,
Чу шере, ки гардад зи нахчир маст.
Дижам гашт Рустам, чу ӯро бидид.
Хурӯше чу шери жиён баркашид,
Бад-ӯ гуфт, к-«Эй турки хунхорамард,
Зи Эронсипаҳ ҷанг бо ту кӣ кард?
Чаро даст бо ман насудӣ ҳама,
Чу гург омадӣ дар миёни рама?!»
Бад-ӯ гуфт Суҳроб: «Тӯронсипоҳ
Аз ин разм дуранду ҳам бегуноҳ,
Ту оҳанг кардӣ бад-эшон нахуст,
Касе бо ту пайкору кина наҷуст!»
Бад-ӯ гуфт Рустам, ки «Шуд тира рӯз,
Чу пайдо кунад теғ гетифурӯз,
Ба куштӣ бигардем ҳарду пагоҳ,
Бибинем, то бар кӣ гиряд сипоҳ!
Бад-ин дашт ҳам дору ҳам минбар аст,
Ки равшанҷаҳон зери теғ-андар аст,
Гар эдун, ки боз ӯ ба шамшеру тир
Чунин ошно шуд, ту ҳаргиз мамир!
Бигардем шабгир бо теғи кин,
Ба мо то чи хоҳад ҷаҳонофарин.»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор