Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

БОЗГАШТАНИ РУСТАМ ВА
СУҲРОБ БА ЛАШКАРГОҲ
Бирафтанду рӯи ҳаво тира гашт,
Зи Суҳроб гардун ҳаме хира гашт,
Ту гуфтӣ, зи ҷангаш сиришт осмон,
Наосояд аз тохтан як замон.
Дигарбора зер-андараш оҳан аст,
Шигифтӣ равон асту рӯинтан аст.
Шаби тира омад суи лашкараш,
Миён суда аз ҷангу оҳан бараш,
Ба Ҳумон чунин гуфт, к-«Имрӯз ҳур
Баромад, ҷаҳон гашт пуршаррушӯр,
Шуморо ба сар з-он савори далер,
Ки ёли ялон дошт, чанголи шер,
Чи омад, шуморо чи гуфту чи кард,
Ки ӯ буд ҳамзӯри ман дар набард?
Чи кард ӯ або лашкарам сарбасар,
Ки чун ӯ надонам ба гетӣ дигар!
Яке пирмард аст бар сони шер,
Нагардад зи ҷангу зи пайкор сер,
Надонам, ба гирди ҷаҳон сарбасар,
Кӣ бандад гаҳи кина чун ӯ камар?!»
Бад-ӯ гуфт Ҳумон, ки «Фармони шоҳ
Чунин буд, к-аз эдар наҷунбад сипоҳ,
Ҳама кори мо сахт босоз буд,
Ба овардгаҳ гаштан оғоз буд.
Биомад яке марди пархошҷӯй,
Бад-ин лашкари гашн бинҳод рӯй,
Ту гуфтӣ, зи мастӣ кунун хостаст,
Ки ин ҷангро як тан оростаст!
Зи ҳар сӯ пароканда гарди набард,
Зи лашкаргаҳи мо басе кушт мард.»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор