Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Гар эдун, ки пирӯз бошам ба ҷанг,
Ба овардгаҳ-бар насозам диранг,

Маоед як тан ба овардгоҳ,
Масозед ҷустан суи разм роҳ,

Якояк суи Зобулистон шавед,
Аз эдар ба наздики Дастон шавед!

Ту хурсанд гардон дили модарам,
Чунин ронд Эзад қазо бар сарам,

Бигӯяш, ки ту дил ба ман-дар мабанд,
Машав ҷовидон баҳри ҷонам нажанд,

Кас андар ҷаҳон ҷовидона намонд,
Зи гардун маро худ баҳона намонд.

Басе деву шеру палангу наҳанг
Табаҳ шуд зи чангам ба ҳангоми ҷанг,

Басе бораву диж, ки кардем паст,
Наовард кас дасти ман зери даст.

Дари маргро он бикӯбад, ки пой
Ба асп-андар орад, биҷунбад зи ҷой.

Агар сол гардад фузун аз ҳазор,
Ҳамин аст роҳу ҳамин аст кор.

Нигаҳ кун ба Ҷамшед – шоҳи баланд,
Ҳамон низ Таҳмураси Девбанд,

Ба гетӣ чу эшон набуд шаҳриёр,
Саранҷом рафтанд зӣ Кирдгор.

Ба мардӣ зи Гаршосп бартар набуд,
Сипеҳри барин гирдгоҳаш бисуд.

Наримону Сом – он ду гарданфароз
Зи мурдан ба гетӣ набуд-шон ҷавоз.

Чу гетӣ бар эшон намонду бигашт,
Маро низ бар раҳ бибояд гузашт.

Чу хурсанд гардад, ба Дастон бигӯй,
Ки аз шоҳи гетӣ мабартоб рӯй,

пешина
аз 345
навбатӣ