Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Агар ҷанг созад, ту сустӣ макун,
Чунон рав, ки ӯ ронад аз бун сухун.

Ҳама маргроем, пиру ҷавон,
Ба гетӣ намонад касе ҷовидон!»

Зи шаб нимае гуфти Суҳроб буд,
Дигар нима оромишу хоб буд.

АФКАНДАНИ СУҲРОБ РУСТАМРО

Чу хуршеди рахшон бигустурд сар,
Сияҳзоғи паррон фурӯ бурд пар,

Таҳамтан бипӯшид бабри баён,
Нишаст аз бари аждаҳои дамон.

Сипаҳро ду фарсанг буд дар миён,
Кушодан наёрист як тан миён.

Биомад бад-он дашти овардгоҳ,
Ниҳода зи оҳан ба сар-бар кулоҳ.

Ҳама талхӣ аз баҳри бешӣ бувад,
Мабодо, ки бо оз хешӣ бувад

В-аз он рӯй Суҳроб бо анҷуман
Ҳаме май гусорид бо рӯдзан,

Ба Ҳумон чунин гуфт, к-«Он шермард,
Ки бо ман ҳаме гардад андар набард,

Зи болои ман нест боло-ш кам,
Ба разм-андарун дил надорад дижам.

Бару кифту ёлаш ба монанди ман,
Ту гӯӣ, ки донанда барзад расан.

Зи пову рикебаш ҳаме меҳри ман
Биҷунбад, ба шарм оварад чеҳри ман.

Нишонҳои модар биёбам ҳаме,
Ба дил низ лахте битобам ҳаме.

Гумоне барам ман, ки ӯ Рустам аст,
Ки чун ӯ набарда ба гетӣ кам аст.

пешина
аз 345
навбатӣ