Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ПУРСИДАНИ ФАРИДУН
НАЖОДИ ХУДРО АЗ МОДАР

Чу бигзашт бар Офаридун ду ҳашт,
Зи Албурзкӯҳ андаромад ба дашт,

Бари модар омад, пажӯҳиду гуфт,
Ки «Бикшой бар ман ниҳон аз нуҳуфт,

Бигӯ мар-маро, то кӣ будам падар?
Киям ман, ба тухм аз кадомин гуҳар?

Чи гӯям, чиям, бар сари анҷуман
Яке донишӣ достоне бизан!»¹

Фаронак бад-ӯ гуфт, к-«Эй номҷӯй,
Бигӯям туро, ҳарчи гуфтӣ, бигӯй,

Ту бишнос, к-аз марзи Эронзамин
Яке мард буд, номи ӯ – Обтин,

Зи тухми кайон буду бедор буд,
Хирадманду гурду беозор буд,

Зи Таҳмураси гурд будаш нажод,
Падар бар падар-бар ҳаме дошт ёд.

Падар буд туро, мар-маро нек шӯй,
Набуд рӯз равшан маро ҷуз бад-ӯй.

Чунон буд, ки Заҳҳоки ҷодупараст
Аз Эрон ба ҷони ту ёзид даст,

Аз ӯ ман ниҳонат ҳамедоштам,
Чи моя ба бад рӯз бигзоштам!

Падар-т, он гаронмоя марди ҷавон,
Фидо кард пеши ту ширин равон.

Абар кифти Заҳҳоки ҷоду ду мор
Бирусту баровард аз Эрон димор,

2
Сари бобат аз мағз пардохтанд,
Мар-он аждаҳоро хуриш сохтанд.

Донишӣ – донишмандона, хирадмандона.
Боб – падар; пардохтан – холӣ кардан.

пешина
аз 345
навбатӣ