Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Зи каф бифкан ин тиру шамшери кин,
Бизан ҷангу пайкорро бар замин,

Нишинем ҳар ду пиёда ба ҳам,
Ба май тоза дорем рӯи дижам,

Ба пеши ҷаҳондор паймон кунем,
Дил аз ҷанг ҷустан пушаймон кунем!

Бимон, то каси дигар ояд ба разм,
Ту бо ман бисозу биорой базм,

Дили ман ҳаме бар ту меҳр оварад,
Ҳаме оби шармам ба чеҳр оварад,

Ҳамоно, ки дорӣ зи гурдон нажод,
Кунӣ пеши ман гавҳари хеш ёд,

Зи номи ту кардам басе ҷустуҷӯй,
Нагуфтанд номат, ту бо ман бигӯй!

Зи ман ном пинҳон набояд-т кард,
Чу гаштӣ ту бо ман кунун ҳамнабард,

Магар пури Дастони Соми ялӣ,
Гузин номвар – Рустами зобулӣ?»

Бад-ӯ гуфт Рустам, ки «Эй номҷӯй,
Накардем ҳаргиз чунин гуфтугӯй.

Зи куштӣ гирифтан сухан буд дӯш,
Нагирам фиреби ту, з-ин дар макӯш!

На ман кӯдакам, гар ту ҳастӣ ҷавон,
Ба куштӣ камар баста дорам миён.

Бикӯшем, фарҷоми кор он бувад,
Ки фармону ройи ҷаҳонбон бувад

Ва дигар, ки дар ҷои нангу набард
Пажӯҳиш наҷӯянд мардони мард!

Басе гаштаам дар нишебу фароз,
Наям марди гуфтори зарқу маҷоз!»¹

Бад-ӯ гуфт Суҳроб, к-«Эй марди пир,
Агар нест панди манат ҷойгир,

1 Зарқ – фиреб, найранг.

пешина
аз 345
навбатӣ