Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Набояд, ки ман бо падар ҷангҷӯй
Шавам, хира рӯ-андар орам бар ӯй,
Зи додор гардам басе шармнок,
Сияҳрӯ равам аз сари тирахок,
Набошад умеди сарои дигар,
Набояд, ки разм оварам бо падар!
Ба шоҳони гетӣ шавам рӯсиёҳ,
Ки бар марзи Эрону Тӯронсипоҳ
Нагӯяд касе ҷуз ба бад номи ман,
Набошад ба ҳарду саро коми ман,
Саросема гардам аз овехтан,
Ба ҷуз бад набошад зи хун рехтан!»
Бад-ӯ гуфт Ҳумон, ки «Дар корзор
Расидаст Рустам ба ман чанд бор,
Шунидӣ, ки дар ҷанги Мозандарон
Чи кард он сипаҳбуд ба гурзи гарон?
Бад-ин Рахш монад ҳаме Рахши ӯй,
Валекин надорад пайу пахши ӯй.»¹
Чу як баҳра аз тирашаб даргузашт,
Хурӯши талоя баромад зи дашт,
Ҷаҳонҷӯй Суҳроб, дил пур зи разм,
Ба оромгаҳ рафт аз тахти базм.
Ба шабгир чун бардамид офтоб,
Сари ҷангҷӯён баромад зи хоб,
Бипӯшид Суҳроб хафтони разм,
Сараш пур зи разму дилаш пур зи базм,
Биомад хурӯшон бад-он дашти ҷанг,
Ба чанг-андарун гурзаи говранг,
Зи Рустам бипурсид хандон ду лаб,
Ту гуфтӣ, ки бо ӯ ба ҳам буд шаб,
Ки «Шаб чун будӣ, рӯз чун хостӣ,
Зи пайкор дил бар чи оростӣ?
1 Пахш – нақш, осор, таъсир.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор