Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Ту з-ин бегуноҳӣ, ки ин кӯжпушт
Маро баркашиду ба зудӣ бикушт!
Ба бозӣ, бигӯянд, ҳамсоли ман,
Ба хок-андар омад чунин ёли ман.
Нишон дод модар маро аз падар,
Зи меҳр андаромад равонам ба сар,
Ҳаме ҷустамаш, то бибинам-ш рӯй,
Чунин ҷон бидодам бад-ин орзӯй,
Дареғо, ки ранҷам наомад ба сар,
Надидам чунин ҳеч рӯи падар!
Кунун, гар ту дар об моҳӣ шавӣ
Ва ё чун шаб андар сиёҳӣ шавӣ
Ва ё чун ситора шавӣ бар сипеҳр,
Бибуррӣ зи рӯи замин пок меҳр,
Бихоҳад ҳам аз ту падар кини ман,
Чу бинад, ки хок аст болини ман!
Аз он номдорони гарданкашон
Касе ҳам барад назди Рустам нишон,
Ки Суҳроб кушта-сту афканда хор,
Ҳаме хост кардан туро хостор!»
Чу бишнид Рустам, сараш хира гашт,
Ҷаҳон пеши чашм-андараш тира гашт,
Ҳаме бе тану тобу бетӯш гашт,
Биафтод аз пою беҳуш гашт.
Бипурсид аз он пас, ки омад ба ҳуш,
Бад-ӯ гуфт бо нолаву бо хурӯш:
«Бигӯ, то чи дорӣ зи Рустам нишон,
Ки гум бод номаш зи гарданкашон,
Ки Рустам манам, к-ам мамонод ном,
Нишинод бар мотамам пури Сом!»
Бизад наъраву хунаш омад ба ҷӯш,
Ҳаме канд мӯю ҳаме зад хурӯш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор