Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чу Суҳроб Рустам бад-он сон бидид,
Ки афтоду ҳуш аз сараш барпарид,

Бад-ӯ гуфт: «Гар з-он ки Рустам туӣ,
Бикуштӣ маро хира аз бадхуӣ,

Зи ҳар гуна будам туро раҳнамой,
Наҷунбид як зарра меҳрат зи ҷой!

Кунун банд бикшой аз ҷавшанам,
Бараҳна бибин ин тани равшанам,

Чу бархост овози кӯс аз дарам,
Биомад, пур аз хун ду рух, модарам,

Ҳаме ҷонаш аз рафтани ман бихаст,
Яке муҳра бар бозуи ман бибаст,

Маро гуфт, к-«Ин аз падар ёдгор
Бидору бибин, то кай ояд ба кор!»

Кунун коргар шуд, ки бекор гашт,
Писар пеши чашми падар хор гашт!»

Чу бикшод хафтону он муҳра дид,
Ҳама ҷома бар хештан бардарид,

Бинолид гирён, бипурсид аз ӯй,
Ки «Эй шердил пури хуршедрӯй,

Аз ин пас дилам шодмона мабод,
Ба гетӣ маро худ замона мабод!»

Ҳамерехт хуну ҳамеканд мӯй,
Сараш пур зи хоку пур аз об рӯй.

Бад-ӯ гуфт Суҳроб, к-«Ин бадтарист,
Ба оби ду дида набояд гирист,

Аз ин хештан куштан акнун чи суд,
Чунин рафту ин буданӣ кор буд!»

Чу хуршеди тобон зи гунбад бигашт,
Таҳамтан наомад ба лашкар зи дашт,

Зи лашкар биомад ҳушивор бист,
Ки то андар овардгаҳ кор чист?

пешина
аз 345
навбатӣ