Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ман аз дур дидам бару ёли ӯй,
Чунон бурзу болову кӯполи ӯй,

Замона барангехташ бо сипоҳ,
Ки эдар ба дасти ту гардад табоҳ.

Чи созиву дармони ин кор чист,
Бар ин рафта то чанд хоҳӣ гирист?!»

Бад-ӯ гуфт Рустам, ки «Ӯ худ гузашт,
Нишастаст Ҳумон дар ин паҳндашт,

Зи Тӯрон саронанду чанде зи Чин,
Аз эшон ба дил-дар мадор эч кин.

Завора сипаҳро гузорад ба роҳ
Ба нерӯи Яздону фармони шоҳ.»

Бад-ӯ гуфт шоҳ: «Эй гави номҷӯй,
Аз ин разм андӯҳат ояд ба рӯй.

Гар эшон ба ман чанд бад кардаанд
Ва гар дуд аз Эрон баровардаанд,

Валекин чу ройи ту бо ҷанг нест,
Маро низ бо ҷанг оҳанг нест.

Дили ман зи дарди ту шуд пур зи дард,
Нахоҳам аз эшон ба кин ёд кард!»

БОЗГАШТАНИ РУСТАМ БА ЗОБУЛИСТОН

В-аз он ҷойгаҳ шоҳ лашкар биронд,
Ба Эрон хиромиду Рустам бимонд,

Бад-он, то Завора биояд зи роҳ,
Бар ӯ огаҳӣ оварад з-он сипоҳ.

Завора биомад сапедадамон,
Сипаҳ ронд Рустам ҳам андарзамон.

Пас он гаҳ суи Зобулистон кашид,
Чу огоҳӣ аз вай ба Дастон расид,

Ҳама Систон пеш бозомаданд,
Ба ранҷу ба дарду гудоз омаданд.

пешина
аз 345
навбатӣ