Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Ҷаҳондор Заҳҳок бо тоҷу гоҳ,
Миён баста фармони ӯро сипоҳ,
Чу хоҳад, зи ҳар кишваре сад ҳазор
Камарбаста ӯро кунад корзор.
Чунин аст оини пайванду кин,
Ҷаҳонро ба чашми ҷавонӣ мабин,
Ки ҳар, к-ӯ набиди ҷавонӣ чашид,
Ба гетӣ ҷуз аз хештанро надид.
Бад-он мастӣ-андар диҳад сар ба бод,
Туро рӯз ҷуз шоду хуррам мабод!»
ДОСТОНИ ЗАҲҲОК
ВА КОВАИ ОҲАНГАР
Чунон буд, ки Заҳҳок худ рӯзу шаб
Ба ёди Фаридун кушодӣ ду лаб.
1
Бад-он бурзу боло зи бими нишеб
Дилаш з-Офаридун шуда пурниҳеб.
Чунон буд, ки як рӯз бар тахти оҷ
Ниҳода ба сар-бар зи пирӯза тоҷ,
Зи ҳар кишваре меҳтаронро бихост,
Ки дар подшоҳӣ кунад пушт рост.
Аз он пас чунин гуфт бо мӯбадон,
Ки «Эй пурҳунар, богуҳар бихрадон,
Маро дар ниҳонӣ яке душман аст,
Ки бар бихрадон ин сухан равшан аст,
Ба сол андакеву ба дониш бузург,
Гаве пурнажоду далере сутург,
Агарчи ба сол андак аст ин ҷавон,
Чунин гуфт мӯбад ба пеши гавон,
Ки душман агарчи бувад хору хурд,
Мар-ӯро ба нодон набояд шумурд!
Нишеб – бадбахтӣ, осеб: пастӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё