Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ба зорӣ ҳаме мӯя оғоз кард,
Ҳаме баркашид аз ҷигар боди сард,

Ки «Эй паҳлавонзодаи баччашер,
Назояд чу ту зӯрманди далер,

Ба модар нагӯӣ ҳаме рози хеш,
Ки ҳангоми шодӣ чи омад-т пеш?

Ба рӯзи ҷавонӣ ба зиндон шудӣ,
Бар ин хонаи мустамандон шудӣ.

Нагӯӣ, чи омад-т пеш аз падар,
Чаро бардаридат бад-ин сон ҷигар?!»

Фиғонаш зи айвон ба кайвон расид,
Ҳаме зор бигрист ҳар к-он шунид.

Ба парда-дарун рафт бо сӯгу дард,
Дилаш пур зи дарду ду рухсора зард.

Чу Рустам чунон дид, бигрист зор,
Биборид аз дида хун бар канор,

Ту гуфтӣ, магар растахез омадаш,
Ки дилро зи шодӣ гурез омадаш.

Дигарбора тобути Суҳроби шер
Биовард пеши меҳони далер,

Аз он мех барканду бикшод сар,
Кафан з-ӯ ҷудо кард пеши падар,

Танашро бад-он номдорон намуд,
Ту гуфтӣ, ки аз чарх бархост дуд!

Ҳар он кас, ки буданд пиру ҷавон,
Зану мард гашта ҳама бетавон.

Ҳама рух кабуду ҳама ҷома чок,
Ба сар-бар фишонда бар ин сӯг хок.

Ҳама кох тобут буд сар ба сар,
Ғунуда ба сандуқ-дар шери нар,

Ту гуфтӣ, ки Сом аст – бо ёлу суфт,
Ғамӣ шуд зи ҷанг, андаромад, бихуфт,

Чу диданд он мардумон рӯи ӯй,
Бикарданд ҳар кас басе ҳойу ҳӯй!

пешина
аз 345
навбатӣ